Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом ба табибони мӯҳтарам! Аз рӯи баъзе маълумотҳое, ки дар интернет давр мезананд, чунин фаҳмидам, ки ашҳоши гирифтори ВНМО, ки бо табобат машӯул ҳастан, яъне АРВ терапия доими қабул мекунанд, эҳтимоли гирифтор шуданашон ба COVID-19, яъне короновирусная инфекция, хеле кам аст. Ин маълумот то чи андоза дуруст аст, мехостам каме рушани андозед, Ниҳоят сипосгузорам!

Салом алейкум. Бемории COVID-19 бемории нав аст, ва хусусиятҳои он дар ҳаргуна ҳолат то охир омухта нашудааст. Инчунин равиши он ва сироятпазирии шахсони гирифтори ВНМО ба COVID-19 низ дар сатҳи омузиш аст. Аз ин лиҳоз, чи ба шахсони гирифтори ВНМО ва чи дар шахсони бе ВНМО қоидаҳои пешгири як хел мебошанд. Маълумоте, ки Шумо мепурсед, аз он лиҳозе, ки баъзе дорувориҳои зиддиретровирусие, ки шахсони гирифтори ВНМО қабул мекунанд (аниқтараш Лопинавир ва ритонавир) нисбати вируси COVID-19 дар баъзе ҳолатҳо самаранокии худро нишон додаанд ва онҳоро дар табобати COVID-19 истифода мекунанд. Аз ин аст, ки чунин маълумотҳо дар расонаҳои интернети ҷой доранд. Аммо бояд гуфт, ки ҳамаи ин маълумотҳо тасдиқи илмии худро то ҳол наёфтаанд, аз ин лиҳоз барои гирифтор нашудан ба COVID-19 бояд қоидаҳои умумии гигиенаи шахси ва дигар қоидаҳое, ки айни замон аз тамоми расонаҳои хабари ба мардум мефаҳмонанд, риоя намудан ба ҳамагон шарт ва зарур аст.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.