Салом алейкум.
Аломатҳои бемории ВНМО вобаста ба масунияти инсон мебошад. Дар натиҷаи паст шудани масуният дар ҳар шахс аломатҳои гуногун пайдо мешаванд. Аз ҷумла, дар қисме одамон бемориҳои гуногун авҷ мегиранд, аз қабили бемории сил, пневмонияи пневмосисти ё бактериалии вазнин, ситомегаловирус, токсоплазмоз ва дигарон. Дар қисме одамон метавонад дигар нишонаҳо, ба монанди логари, таби баланди дарозмуддат, дарунравии дарозмуддат ва гайра. Дар кудакони хурдсолу навзод бошад ин нишонаҳо метавонанд зудтар пайдо шуда ба ҳолатҳои вазнин оварда расонанд. Дар ҳолати яке аз ин нишонаҳо пайдо шудан ҳатман оиди ВНМО таҳлили хун бояд гузаронида шавад, чунки ташхиси ВНМО танҳо дар асоси таҳлили хун гузошта мешавад.
Шахсе, ки гирифтори ВНМО аст, агар табобати зиддиретровируси (ТЗРВ) қабул накунад, пас давомнокии умри ӯ ба ҳисоби миёна 10-12 сол мебошад. Агар ТЗРВ қабул кунад, пас давомнокии умраш ба монанди дигар шахсони бе ВНМО мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов