Оиди ВНМО/БПНМ
Шерзод
09.04.2020
Салом алейкум. Ман 3 моҳ пеш (8.01.2020) як чанд бор бо як зане бе рифола ҳамхоба шудам, ва дар вақте алоқа ҳамавакт аз вай (зан) хун мебаромад. Баъд вай ба ман қоил шуд, ки гепатит С дорад, аммо табобат гирифтааст ва вирусаш хоб аст. Ман дар санаи 29.01.2020 анализ оиди гепатит В С ва ВИЧ супоридам. Ҷавоб манфи баромад. Баъд охирон бор дар санаи 19.03.2020 анализ танҳо барои гепатити В, С супоридам, ҷавоб манфи баромад. Аммо 3 моҳ мешавад, ки тарафи рост дард мекунад ва охирон вақт танам бисёр мехорад. Илтимос ба ман ҷавоб диҳед. Ташакур.
Салом алейкум.
Нисбат ба бемории ВНМО. Аз он лиҳоз, ки аллакай 3 моҳ гузаштааст, ба Шумо лозим аст, ки такроран хун барои ВНМО супоред. Дар ҳолати манфи баромадани ҷавоби тахлил, метавонед дилпур бошед, ки ВНМО надоред. Нисбат ба гепатитҳои вирусии В ва С бошад, як бори дигар баъди 6 моҳ боз аз ташхис гузаред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо