Оиди ВНМО/БПНМ
Гариб
04.04.2020
Салом алейкум. Ман дар охири моҳи феврал, дархуд бе иштиҳои, дар дастам доначаҳо баромад 2-3-то, аммо забонам ҳоло язва шудагиаст. Пегёшгаҳаш дар ду тараф камтар дард надорад. Як бегоҳ поям сахт дард кард 5 мин. Аммо анализ супоридам, лимфотсит 65 шудагиаст, нейтрофил кам шудагиаст. Ҳар хел намудҳои ташхис супоридам барои тамои вирус – гепатит, вич, сифилис ва ҳамаш манфи баромад. Аммо дар дастам аллергия боз баромадааст. Ба духтур муроҷиат кардам, гурдаҳома, ҷигарама узи кардам, ЭКГ ҳам гузаронидам, ҳамаш хуб, аммо лимфотсит баланд. Чи дард аст намедонам, ба дерматолог ва гастроэнтерология муроҷиат кардам ҳам, диагноз аниқ нест, чи маслиҳат медиҳед ба ман, айни ҳол дар россия ҳастам?
Салом алейкум. Баландшавии лимфоситҳо аз бисёр омилҳо вобастаги дорад. Дилхоҳ реаксияҳои муҳофизати дар бадан ба баландшавии ин ҳуҷайраҳо меоварад. Аз ин лиҳоз, ин нишонаи хоси ягон бемори нест, зиёда аз он Шумо ба духтур муроқиат кардед ва онҳо ба ин аҳамияти хос надоданд, яъне ин омил дар ҳолати имрузаи Шумо аҳамияти бузург надорад. Аз ин лиҳоз Шумо ҳам аҳамияти зиёд надиҳед ва худро солим шуморед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо