Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум. Ман моҳи август буд бо духтаре ҳамхоба шудам. Пас аз чанд руз грипп шудам, лекин ин сабаб дошт. Пас аз душ кардан бо сари луч дар ҳавои хунук дар берун будам, баъд аз 1 рӯз грипп шудам. Хулас дар 8-10 руз дуруст шудам. Боз тақрибан, баъд аз як ҳафта колаи ях кардаро аз холодилник гирифта нушидам, баъд дарди гулӯ ва боз грипп шудам. Боз 8-10 руз дуруст шудам. Баъд аз ин то ҳоло ягон маротиба грипп нашудам. Ва ҳоло бошад, дарди гулӯ ҳастам зиёда аз бист руз. Худи дар гулӯям чизе будаги борин. Дар вақти хӯрок хурдан, дард мушоҳида намешавад. Температура низ надорам, 36.6 гоҳе 36.8, ё 36.9. Сабаб дар чи бошад, илтимос ҷавоб диҳед? Раҳмати калон.

Салом алейкум. Бо ин нишонаҳо бояд ба духтури минтақавиатон муроҷиат намоед. Танҳо дар вақти муоина аниқ намудани ташхиси Шумо имконпазир мегардад.

Оиди ВНМО, аз он лиҳозе, ки зиёда аз 3 моҳ баъди алоқа гузаштааст, ба Шумо зарур аст, ки як маротиба аз ташхис гузаред. Агар ташхис манфи бошад, пас метавонед ором бошед, ки ин бемори дар Шумо нест. 

Бо эхтиром,
Умед Талбов.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.