Оиди ВНМО/БПНМ
Аля
03.02.2020
Салом ака, ман 7 моҳ пеш алоқаи ҷинси доштам бо зани бегона. Баъд аз гузаштани 3 моҳ, яъне 102 рӯз, таҳлили хунро супоридам, то муддати 3 моҳ якчанд маротиба дигар таҳлили хунро боз супоридам. Ҳамаш манфи баромад. Ҳозир 7 моҳ мешавад, ки баъд аз хафв ҳарорати баданам баланд шудааст то 38 градус, каме сулфа мезанам, тавларза дорам. Дируз бегоҳ Виферон свечи мондам ва саҳар низ. Оё агар ман боз таҳлили хунро супорам, Виферон метавонад ба таҳлили хун таъсир расонад?
Салом. Супоридани таҳлил шарт нест, чунки дар Шумо ВНМО нест. Виферон таъсир ба тахлил надорад.
Ҳолати хозираатон ба зуком монанд аст. Ба духтури оилави ё сироятшиноси минтақаатон муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо