Оиди ВНМО/БПНМ
Сухроб
15.11.2019
Салом алекум акаи Умедҷон, саволи ман чунин аст, ман санаи 20.05.2018 бо як зан бе рифола хамҳобаги намудам. Ин бори аввал буд баъди хамҳобаги чанд рӯз асбоби мардонагиам дард кард ва баъди як моҳ дар асбоби ҷинсиам дар сараш сузиш пайдо шуд аз асбоби мардонагиам гоҳ гоҳ нутфа мебарояд. Баъди 1.5 сол грипп шудам, гоҳ гоҳ сарам дард мекунад, аз гулуям бисёр балғам меояд, дигар ягон аломат нест. Бисёр дар ҳавотир ҳастам, ман ҳоло дар Федератсияи Руссия қарор дорам, илтимос мегуфтед ин нишонаҳо ба ВНМО ягон алоқаманди дорад?
Салом!
Нишонаҳои номбаркардаатон ба ВНМО хос нестанд, аммо ҷавоби аниқ танҳо ташхис дода метавонад. Аз ин лиҳоз, новобаста аз нишонаҳо, ба Шумо лозим аст, ки як бор аз ташхиси ВНМО гузаред. Дар Федератсияи Руссия ба таври маҳфи гузаштани ташхиси ВНМО имконпазир аст. Агар, аз моҳи сентябри 2018 сол инҷониб ягон маротиба ташхис оиди ВНМО гузаштаги бошед, пас кифоя аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо