Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи Умедҷон, ман дар тули ҳаётиам якум бор дас ба зино задам зан ҳам надорам бо як зан алоқаи ҷинси кардам, бади алоқаи ҷинси ва бади алоқаи ҷинси бади 20 руз таҳлили хун супоридам, гуфт ҳамаш хуб аст ва пешобам гуфт воспаление дорад, ва хоҳиши зуд зуд пешоб кардани мешавам, ва дар гирди узви мардинагиам месузад, шояд аз ҳисоби мазҳо бошад ва дар сари узви мардинагиам як ҳафта доначаҳои ба чашм ноаён баромадаст, сафедак сафедакан ва миёнам дард мекунад, акаҷон ва боз бади алоқаи ҷинси як моҳу 10 рӯз боз таҳлили хун супоридам гуфт ҳамаш боз гуфтан дар шумо ягон намуди бемори нест ва дилам аз ҳаёт мондааст, намедонам чикор кунам, шумо ба ман бигуед ин чи тавр беморист?

Салом!

Нишонаҳое ки мегуед ба ВИЧ хос нест.

Барои пурра ташхис намудан баъд аз се моҳ супоридан лозим мешавад, лекин эҳтимоли касал баромаданаш кам аст, чунки ақсарият баъд аз яҳ моҳ нишон медиҳад. Баъди 3 моҳ барои дилпури тавсия дода мешавад. Шумо бояд куллан ором шавед, чунки эҳтимолияти он зан гирифтори ВНМО ҳаст ё не намедонед. Мумкин он зан тамоман солим бошад, дар ин сурат Шумо беҳуда ташвиш доред.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.