Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом Ака. Рости бисер дар ташвишем, аз бемории варикасел азият мекашидем ба мо тавсия доданд ки вам кам ҳамхобаги кунем хулас бо духтаре ҳамхобаги кардем бо рифола, тамос дур дароз накард дар охири тамос вақте мардинагиамро баровардам алақай рифола даридабуд,хулас намедонам духтаре бемории ВНМО дорад е не. Бад аз як рӯз дар мардинагиам кам кам дард пайдо шуд сӯзок то се чор рӯз ҳол бошад, сузок дард надорад, нишонаҳо хамин ки дар баданам кам кам ҳархел сурхчаҳо мебарояд ва танҳо сарам як дард мекунад соз мешавад дар як рӯз панҷ шаш маротиба дард мекунад, сарам амо дердавом намекунад. Дигар ягон нишона нест, дарунрави надорам таб нест, сузок хозирашда нест, зуком хам нест, ҳулас танҳо сарам дард мекунад ва дар почаҳоям чизе сурхча баромадааст. Аз Ин кор 11 рӯз гузаштааст бисер дар ташвишам...илтимос чавоб гуед, ва илтимос ба пураги фаҳмонам гуед ки оё ин бемории табобат дорад? Пешаки раҳмати Худо бар шумо.

Салом!

Нишонаҳои гуфтагиатон ба бемории ВНМО хос нест. Аммо агар нигарони дошта бошед, ки ҳамхобаатон эҳтимолияти доштани ин вирусро дорад, пас Шумо бояд аз ташхис ҳозир гузаред, ва баъдан пас аз 3 моҳи алоқа боз як бори дигар.

Бемории ВНМО табобати пурра надорад, аммо табобати дастгирикунанда, ки зарари онро нест мекунад, вуҷуд дорад, ки ин табобати зиддиретровируси мебошад (ТЗРВ).

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.