Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум! Акаи Умедҷон ман такрибан 3 моҳ пеш бо ношинос зане алоқаи ҷинси доштам баъди гузаштани як моҳ дар асбоби мардонагиам дард пайдо шуд. Ман рафта хуну мазок супоридам, духтур гуфт ки хамааш хуб аст вале бо гузаштани 3 моҳ дубора дард пайдо шуд дард шадид аст сузиш ва хориш тули се ҳафта шуд бас намешавад ҳис менамоям дар сараш чизе ҳаст як нураке дар поёни нофам пайдо шудааст ки хеле дарднок хаст шабу руз асбоби мардонагиам месузад ва бас намешавад ягон сурхиву донача мавҷуд нест аммо дарду сузиш рӯз аз рӯз бисёр шуда истодааст. Акаҷон мегуфтед ин нишонаҳо ба ВНМО ягон алоқаманди дорад? Ёки ин нишонаҳои дигар бемори хаст? Илтимос мухтасаран ҷавоб нависед ва гуед ин нишонаҳои кадом бемори хаст?

Салом!

Не, ин нишонаҳо ба ВНМО алоқаманди надоранд. Агар баъди се моҳ таҳлил оид ба ВНМО насупорида бошед, пас такроран як бори дигар супоред.

Барои нишонаҳои мавҷудбуда ба духтур уролог ё кожвенеролог муроҷиат намоед.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.