Оиди ВНМО/БПНМ
Сомон
01.05.2019
Салом алекум акаи Умедҷон, саволи ман чунин аст Ман як чанд моҳ пеш бо як зан бе рифола хамхобаги намудам. Ин бори аввал буд баъди хамхобаги чанд рӯз асбоби мардонагиам дард кард ва баъди як моҳ дар асбоби ҷинсиам дар сараш сузиш пайдо шуд аз асбоби мардонагиам гоҳ гоҳ нутфа мебарояд бисёр дар ҳавотир ҳастам, ман холо дар Федератсияи Руссия карор дорам, илтимос мегуфтед ин нишонаҳо ба ВНМО ягон алоқаманди дорад?
Салом!
Не, ин нишонаҳо бо ВНМО алоқаманди надоранд. Барои аниқ намудани ВНМО бояд аз ташхиси хун гузаред. Барои бартараф намудани нишонаҳои номбаршуда ба духтур уролог бояд мурочиат намуд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо