Оиди ВНМО/БПНМ
Далер
29.04.2019
Салом Акаи Умед, ман санаи 11.04.2019 бо як зан алоқаи ҷинси намудам намедонистам он зан гирифтори ин вирус буд е не шумо гуфтед ки барои аник кардан бояд аз ташхис гузарам имруз санаи 29.04.2019 анализ супоридам духтур гуфт натичааш дар 15 дақиқа малум мешавад дар тест агар 2 хатча пайдо шавад ин вирус вуҷуд дорад агар 1 хатча бошад тоза аст. Аз ман 1 хатча буд. Он нишонаҳое ки шумо гуфта будед логаршави. Дарди сар. Дарди бугумҳо. Беиштиҳои. Таби баланд ин нишонаҳоро дар худ эҳсос намекунам ое мешавад ба натиҷаи ин тест бовар карда ки дар ман ин вирус нест. Ҷавобатонро интизорам.
Салом!
Аз он лиҳозе, ки байни алоқаи ҷинси ва супоридани тест кариб се хафта гузаштааст, ин ташхисро пурра ҳисобидан номумкин аст, чунки давраи ниҳони (период окна) то се моҳ давом мекунад. Аз ин ру Шумо бояд пас аз се моҳ, яъне баъди 11.07.2019 сол, боз як бори дигар аз ташхис гузаред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо