Салом!
Барои аниқ намудани ВНМО метавонед ҳозир супоред. Дар мавриди манфи будани ҷавоби таҳлил (яъне ВНМО нест) Шумо бояд баъд аз се моҳ як маротибаи дигар аз ташхис гузаред. Дар ҳолати манфи будани ташхиси дуюм, метавонед ором бошед, ки дар Шумо ин вирус нест.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов