Оиди ВНМО/БПНМ
Сомон
01.04.2019
Саломи дубора акаи Умедҳон! Ман историяи худамро бори дигар мегуям. ман дар санаи 28.09.2018 яне 185 рӯз кабл бо зане бе рифола алоқа кардам. Бад аз 2 хафтаи алоқа гереҳҳои лимфови ва сарам ва бугумҳоям дард кард. Инчунин дандонам ва даҳонам дард кард. Бад аз 1 моҳ тести очили супоридам манфи баромад. Ва бад аз 2 моҳ алоқаи ҷинси ИФА супоридам манфи баромад. Боз дар моҳи 4 бад аз алоқаи ҷинси ИФА супоридам дар диамед ки боз манфи баромад. 4 е 5 бор дар Центр СПИД тести очили супоридам ки боз манфи баромад. 150 рӯз бад аз алоқаи ҷинсиии бе рифола дар маркази внмо ИФА супоридам ки манфи баромад. Боз бад аз гузашти 180 рӯз аз алоқаи ҷинси тести очили дар поликлиника супоридам ки манфи баромад. Боз бо ин хотир ҷам нашуда имрӯз санаи 01.04.2019 дар лабораторияи Диамед ИФА супоридам аммо ҷавобаш бад аз 2 рӯз маълум мешавад гуфт. Акаи Умедҷон, Шумо хамчун мутахассис дар бораи анализи супоридаи ман чи фикр мекунед? оё боз манфи мешавад? Илтимос ба саволам ҷавоб медодед. оё ин нишонаҳои ман ба ВНМО дахл дорад? дируз камтар таб кардам 37.2 шуд температура . оё ин температураи кардаам ва нишонахои пеш доштаам ба ин бемори дахл дорад ака? Пешаки раҳмат барои ҷавобатон. Миннатдорам.
Салом!
Дар Шумо бемории ВНМО вуҷуд надорад, зеро ҳамаи таҳлилҳоятон манфи мебошанд. Бовари дорам оҳирин супоридагиатон низ чунин мешавад. Дигар таҳлил оиди ВНМО насупоред, лозим нест. Ором шавед, вагарна ба ягон бемории асаб метавонед дуҷор шавед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо