Оиди ВНМО/БПНМ
Сомон
29.01.2019
Салом акаи Умедҷон! бахшиш ака, як савол доштам, ман дар санаи 29.09.2018 яне 4 моҳ пеш бо як зан бе рифола ҳамхоба шудам. Бад аз гузашти 2 ҳафта греҳҳои лимфовии ноҳияи паҳ ба дард даромад. Ман бад аз 3 ҳафта дар Маркази ВНМО тести очили додам. Бад аз он греҳҳои лимфовии таги гуш ва таги каш ва гардан камтар варам кардаааст ва дард мекунад. Варамаш бо чашм малум нест. Баз 2 моҳ бад аз ҳамхобаги ИФА супоридам дар Маркази ВНМО ва боз бад аз гузашти 2 моҳу 20 рӯз боз ИФА супоридам дар лабораторияи Диамед. Дандонам дард кард ва ҳозирам дард мекунад сарам дард мекунад ва устуҳони ангушт ва зонуҳоям як як дард мекунад. Ман бад аз гузашти 3 моҳ тести очилии комбо экспресс тест супоридам аз ангушт ҳамаи инҳо манфи баромад. Боз хотир ҷамъ нашуда бад аз гузашти 3 моҳу 16 рӯз экспресс тест аз луоби даҳон слюны супоридам манфи баромад ва санаи 25.01.2019 яне 3 рӯз пеш боз тести экспресс комбо дар Хуҷанд дар Маркази ВНМО супоридам ки манфи баромад яне 4 моҳ бад аз ҳамхабо шудан. Саволи ман ин аст ки ман имрӯз боз дар диамед ИФА супоридам ҷавобашро гуфт бад аз 2 рӯз таёр мешавад. Акаи Умед, оё мумкин аст ки ҳамаи ин тестҳои супоридаам хато шуда бошад ва имрӯза тести ИФАам положительный шаввд? оё 4 моҳ барои исключение ин бемори бас аст? Шумо дар бораи ИФАи супоридаам чи фикр мекунед? Хоҳиш мекунам ба саволам ҷавоб медодед? Пешаки раҳмат барои ҷавобатон.
Салом!
Тахлилҳои супоридагиатон кофи аст, дигар насупоред, зеро бо бовари гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо ин бемори вуҷуд надорад. Таҳлили навбатии Шумо низ манфи мебарояд, бовари дорам. Нишонаҳои номбаркардаатон бо бемории ВНМО ягон вобастаги надорад, аз ҳисоби асаб аст. Ором бошед ва фикри ВНМО-ро дигар накунед, аммо аз ин пас худро эҳтиёт карда дигар ба чунин тамосҳои шубханок роҳ надиҳед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо