Салом!
Пеш аз хама гуфтан лозим аст, ки ВИЧ метавонад ба воситаи чунин моеъхои бадан гузарад: хун, оби мани (сперма), моеъи махбали зан (вагинальный секрет) ва шири модар. Агар бо яке аз ин моеъхо тамос шуда бошад пас хавфи сироятшавии ВИЧ ба амал меояд.
Барои фахмидан сироят ба амал омадааст ё не, бояд хуни худро аз ташхис гузаронд. Барои ин Шумо метавонед хозир хуни худро барои ташхис супоред, дар холати манфи будани чавоби ташхис ба Шумо лозим меояд, ки боз як бори дигар пас аз се мохи алокаи ба амаломада хуни худро аз ташхис гузаронед. Танхо баъд аз ин аник гуфта мешавад, ки сироят шудаед ё не.
Бо эхтиром,
Умед Талбов.