Салом!
БПНМ (СПИД) - бемории пайдошудаи норасоии масуният - ин яке аз давраҳои вазнини бемории сирояти ВНМО мебошад, ки нишонаҳои он гуногунранг мебошанд. Вақте, ки масунияти одам тамоман паст мегардад, дар бадани инсон бемориҳои вазнини оппортунисти ба вуҷуд меоянд, аз кабили бемории сил, саркома Капоши, пневмонияи пневмосисти, ситомегаловирус, токсоплазмози майнаи сар ва ғайраҳо. Нишонаҳои ин бемориҳоро ҳамзамон нишонаҳои БПНМ низ номидан мумкин аст, чунки БПНМ алоҳида ба худ нишонаҳои хос надорад ва дар хар як инсон метавонад гуногун бошад. Аз ин лихоз, вақте мо мегуем, ки бемории ВНМО ба давраи БПНМ гузаштааст, ҳамзамон бояд кайд намоем, ки аз руи кадом бемори мо чунин хулоса кардаем. Инчунин, бояд кайд кард, ки бемориҳои номбурда метавонанд бидуни ВНМО низ ба вуҷуд оянд. Аз ин лиҳоз, дар хар як холати сар задани ин гуна бемориҳо, шахсро хатман оиди ВНМО бояд аз ташхис гузаронид.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов