Салом!
Мутаасифона, дар савол ҳамаи оиди давомнокии табобат, сатхи масуният ва сарбории вирусии Шумо маълумот нест. Аз ин лиҳоз, дуруст аниқ намудани сабаби ин нишонаҳо гайриимкон аст. Агар сатхи масуният паст бошад, пас то баландшавии он чунин холатҳо дуру дароз метавонанд пойдор бошанд. Аз тарафи дигар Шумо бояд тамосро бо духтурони табобатии худ зичтар намуда, дар холатҳои зарури машварати духтурони дигар сохаҳоро низ гузаред.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов