Салом!
Ногуфта намонад, ки нушокиҳои спирти дар ҳама холат, новобаста аз меъёр, таъсири манфии худро ба организми инсон мерасонад. Гоҳ-гоҳ ва кам кам нушидани он бевосита ба фаъолнокии табобати зиддиретровируси (ТЗРВ) таъсири манфи намерасонад, агар дорувориҳоро дар вақти аниқшуда нушед. Нушидани нушокиҳои спирти аз он лиҳоз хавфнок аст, ки дар натиҷаи он бемор аз нушидани дорувориҳо фаромуш мекунад, ки ин ба таъсирнокии ин табобат зарари худро мерасонад. Аз ин лиҳоз, шахсе, ки ТЗРВ кабул мекунад, бояд донад, ки новобаста аз ҳолати қарордоштааш, кабули дорувориҳоро фаромуш насозаду дар вақти аниқшуда онҳоро қабул намояд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов