Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом. Саволе доштам медонем, ки яке аз роҳҳои гузариши ВНМО ин алоқаи ҷинси мебошад шахсоне ба касалии Зоофилия мубтало ҳастанд агар сирояти ВНМО доштабошан бо ҳайвонот секс кунанд баъдан ҳаммаҳалони худ боз бо ҳамон ҳайвон барои қонеъ гардонидани нафси шаҳвонии худ алоқа кунанд ба бемории ВНМО гирифтор мешаванд? Ба фикрам саволе додам ки ҳоло ба Шумо ҳеҷкас ин гуна савол надодааст ва агар хатари сироятёби бошад дар ин маврид ба мардуми деҳот машварат диҳед чун ки дар 1 моҳ як маротиба ба куҳ навбати пода меравад.

Салом!

ВНМО танҳо дар организми инсон зиста метавонад, аз ин рӯ онро вируси норасоии масунияти одам меноманд. Дар холатҳое, ки Шумо гуфтед, агар ин ҳолат, яъне якчанд нафар дар як вақт паи хам бо ин кор машгул шаванд, хавфи сироят мумкин чанде имконпазир гардад, агар дар вақтҳои гуногун бошад, пас хавф нест.

Нисбати машварат оиди ин ҳолат, фикр мекунам, ки ин кори индивидуали мебошад на оммави, яъне дар вақти корҳои фаҳмондадиҳи дар байни халқ, чунин холатҳоро гуфтан аз рӯи одоб нест.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.