Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Алокаи чинси бо зани фоҳиша буд. Баьди такрибан 10 рӯз акса ва харорати баланд пайдо шуд. Сулфа надоштам. Баьди 5 рӯз гадудҳо дар болои мушаки дастам ва дар ҳар куҷо 4-5 пайдо шуданд. Ман назди духтури саратоншинос рафтам. У «ин ҳеч чиз не хунук задаст» гуфт. Гадудхо факат дар таги пуст хастанд, бо чашм дида намешаванд. Холо харорати бадан надорам, танхо асабам вайрон аст, ҳеҷ касро намехохам бинам, фақат хоб меравам, аз интернет дар бораи ВИЧ мехонаму девона мешавам, бугумҳо ва мушакхо аз тарафи чапам дар бегоҳи на он кадар сахт дард мекунанд. Назди духтури асаб рафтам. Он кас хам мегуянд, ки ин дардҳо аз асаб мебошад. Доруи хоб навистанд. Дору таьсир намекунад, хобам намебарад, бемадор нестам. Вакте ки боз дар бораи ВИЧ мехонам асабҳоям хароб мешавад, баъд ба ҷои бе одам рафта хоб мекунам. Агар ман касали ВИЧ бошам ба куҷо бояд муроҷиат кунам? Дорувори дар як моҳ чанд сомон меистад?

Салом!

Нишонаҳое, ки Шумо навиштаед бо ВНМО (ВИЧ) кам алокаманди дорад, аммо барои дилпури бояд аз ташхис гузаред. Дар мавриди манфи будани ташхис, бояд ором шуд, дар акси хол зери назорати духтури асабшинос буданро давом дихед. Барои ташхиси ВНМО ба Маркази ВНМО-и минтакаи худ бояд мурочиат кард. Дорувориҳо барои табобати ВНМО пурра ройгон мебошанд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.