Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом, ман мудати се сол мешавад ки ба бемории ВНМО гирифтор мебошам лекин базан мешавд ки доруҳои ЗРВ аз хотирам мебарорам ки истемол кунам базан се соат мегузармд ое мудати ин соат мумкин аст ки доруҳоро истемол намоям? Илтимос ба саволи ман ҷавоб диҳед

Салом!

Албатта мумкин аст. Дар мавриде, ки кабули дорувори фаромуш мешавад, баъд аз якчанд соат агар ба хотир расад, онро бояд истеъмол кард ва навбати ояндаи кабули доруҳо чун хамаруза дар соати мукараршуда бояд ба амал ояд. Аммо бояд донист, ки чунин ҳолат агар зуд зуд ба амал ояд, он метавонад боиси кавигардии вирус нисбати дорувориҳо гардад (резистентность). Аз ин ру бояд харакат кард, ки кабули дорувориҳо доимо дар соати мукарраршуда ба амал ояд. Барои ин бояд аз хар гуна ёридихандаҳо ба монанди таблетнитсаҳо ё дигар намуд хотиррасонкунандаҳо истифода бурд. Инчунин, дигар аъзоҳои оила низ ба ин кор бояд ҷалб карда шаванд, то ин, ки онҳо ҳам дорухурии Шуморо назорат карда дар вақти зарури ба хотир расонанд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.