Оиди ВНМО/БПНМ
Беакл
05.08.2018
Ман бо як зани фоҳиша алоқаи ҷинсӣ кардам. Вай фарбеҳи тоза, сафед метобид. Дар вақти алоқа рифола дарид. Ман дарав навашро пӯшидам. Аммо баъди алоқа ман ба фикр афтидам, рӯҳафтода шудам. Баъд аз як рӯз ман худро бемадор ҳис кардам, сардард шудам. Ман фаҳмидам, ки бемории ВНМОро дар вақти кӯтоҳ муайян карда намешудааст. Аҳли оилаам ба касалии зуком гирифтор шуданд ва ман низ аз онҳо сироят ёфтам.
Пеш аз ба бемории зуком гирифтор шудан, ман бо хӯрокам қаланфури тезро истеъмол карда будам. Дар рӯзи дигар дар рӯй ва дастонам чизе ҳамчун гармича баромад, лекин на он қадар бисёр не, тақрибан 20 донача. 15-ум рӯз аст, ки сулфа намекунам, аммо каме гулӯям дард мекунад, сурхакчаҳо якташ нест шавад наваш пайдо мешавад.
Ман хеле ғамгинам, худро хуб ҳис намекунам. Фикр мекунам, ки ҳарорати баданам баланд мешавад, 15 рӯз мешавад, ки ҳарорати баданамро чен мекунам, лекин 36,5 - 36,7 дараҷа дорам. Дар забонам қабати сафед ҳамеша буд ва то ҳол ҳаст. Дар назди гӯшам бошад варамии хурдакак дар даруни пӯст пайдо шуд, он қадар маълум нест, вале вақте, ки бо ангуштон мекобам , чизе меҷунбад, ҳамчун як нахутак дар тарафи рости гӯшам. Аммо ба назари одам намеафтад.
Салом!
Дар ҳақиқат аз руи намуди зоҳирии инсон пай бурдан намешавад, ки у ВНМО дорад ё не. Нишонаҳои номбаршуда ба зуком бисертар монанди доранд. Барои маълумоти зиёдтар оиди нишонаҳоятон ба духтури минтақавии худ муроҷиат намоед. Барои будан ва набудани ВНМО метавонед таҳлил супоред, ва дар мавриди манфи будани ҷавоби он, тақроран баъди 2-3 моҳ боз як бори дигар супоред. Инчунин, гуфтан зарур аст, ки пеш аз муҳлат асабони шудан дуруст нест, чунки маълум нест, ки он ҳамхобаатон гирифтори ин вирус буд ё не. Агар гирифтор бошад, пас на дар ҳама ҳолат вирус мегузарад, яъне умеди гирифтор нашудан ба вирус дар ҳама маврид вуҷуд дорад. Аз ин лихоз, то аниқ намудани ташхис, ба хар гуна фикрҳои нодуруст роҳ додан даркор нест ва доимо ба хуби умед бастан лозим аст. Дар оянда, ба чунин ҳолати ба амаломада, роҳ надиҳед ва худро эҳтиёт намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо