Салом!
Истеъмоли нушокиҳои спирти новобаста ба он ки шахс гирифтори ВНМО ҳаст ё не зарари худро мерасонад. Алалхусус зарари ин нушокиҳо ба ҷигари инсон бештар мушоҳида мешавад ва ба гепатити музмин ва сиррози ҷигар оварда мерасонад. Дар мавриди вуҷуд доштани ВНМО ин зарар метавонад дучанд низ шавад. Аз ин лиҳоз, шахси гирифтори ВНМО ва гепатитҳои В ва С, инчунин қабулкунандаи табобати зиддиретровируси бояд аз нушокиҳои спирти худдори намояд, зеро окибатҳои ин рафтор барои организми инсон хуб нестанд.
Бо эҳтиром,
Талбов Умед.