Оиди ВНМО/БПНМ
Ник
19.06.2018
Салом. Ман соли2011 бо духтаре алоқаи шаҳвони доштам баъди ду сол зан гирифтам соҳиби ду фарзанд шудам.Ҳоло дар Россия карор дорам.Такрибан баъди як моҳи дар инҷо буданам тарафи рости ман дард кардан гирифту дар назарам варам кард.Баъди чанд вақт тарафи чапам дарманд шуд аниқтараш тарафи чап поёни кабургаҳо.Холо бошад дард намекунанд.Дахонам гоҳгоҳ талх мешавад.Беҳол ва дилам мешурид.Холо бошад созам аммо дар даҳонам доначаҳои нукашон сафед баромадааст.Дар Россия ман барои хуҷҷатгири пешоб ва хун аз раги даст супоридам.Дасти чап ва пойҳоям хам дард мекард бо рагҳои бар ва кафои гардан.Аз худам хавотирам вале боз фикр мекунам дар тавалудхона занони хомиларо аз ташхис мегузаронанд дар инҷоҳам барои ин бемори хун гирифтанд.Занам бо тесте ки чоркунча такрибан 2/5см андоза дорад худро саҷид манфи баромад.Фикр маро ором намегузорад оё ман бемори ин бемориям?
Салом!
Агар таҳлилҳои супоридаи Шумо нисбати ВНМО ҷавоби манфи дода бошанд, пас дар Шумо ин бемори вуҷуд надорад. Оиди нишонаҳое, ки Шуморо нотоб кардааст пеш аз ҳама ба духтури минтақавии худ муроҷиат намоед, то ин ки хаматарафа аз муоина гузашта сабаби онҳоро муайян созанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо