Оиди ВНМО/БПНМ
Точик бача
18.06.2018
Салом. Бо духтари ношинос алоқаи ҷинси доштам бо рифола аммо шубҳае дорам ки мумкин гирифтори ВНМО шудаам аз байн 7 моҳ гузаштааст кариб 10 бор ИФА супоридаам ва зиёда экспрес тест 1 бор иммуноблот супоридаам дар Диамед ва дар сомонаҳо хондаам ки ПЦР аниқтар аст фарқияти ин намудҳоро фаҳмонед? 2.Дар куҷо анализи ПЦР кабул мекунанд дар ҶТ ба чандин марказҳо рафтаам мегуянд ПЦР надорем?
Салом!
Барои аниқ намудани сироятёбии ВНМО таҳлилҳои супоридаи Шумо кифоя мебошад, аз ин лиҳоз дигар таҳлил супоридани Шумо шарт нест, дар Шумо ин вирус вуҷуд надорад. Таҳлили ПЦР барои аник намудани ин вирус истифода намешавад, аз ин лиҳоз озмоишгохҳо онро истифода намебаранд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо