Оиди ВНМО/БПНМ
Nik
12.06.2018
Ман соли 2011 бо як духтар алоқаи бе рифола доштам, баъди ду сол зан гирифтам, соҳиби ду фарзанд шудем. Ҳоло ман дар Россия қарор дорам. Дар инҷо аз рағи даст хун ва пешоб супоридам; барои ин гуна касалиҳо; баъди чан вақт патентамро гирифтам оё кин тарафи рост чап гулуям дард мекунад. Илтимос гуед оё ман ҳам инхел касалам зеро занам барои ин гуна бемори аз муоина гузашта буд. Худам ҳам барои патент гузаштам. Илтимос гуед ман боз чи кор кунам?
Салом!
Агар баъди соли 2011 Шумо хавфи сироятшавии ВНМО дигар надошта бошед, пас айни замон баъди супоридани тахлилҳо оиди ин вирус, бо дилпури гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо ин бемори вуҷуд надорад, чунки агар мебуд тахлилҳо хатман нишон медоданд. Барои дарди гулуятон ба духтури минтақави муроҷиат намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо