Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом.1.Мункин аст ки тест ҷавобро хато нишон диҳад?2.Кадом одамон асосан ифа месупоранд никоҳшавандагон низ ифа месупоранд?3. Баъд аз 3 ё 5 моҳ баъд аз алокаи ҷинси тест супорем ҷавоби аник медиҳад ё ифа ҳам бояд супорем ки ҷавоби аник гирем?

Салом!

Байни натичаҳои тести очили ва ТИФ (ИФА) фаркияти бузург надорад агар онҳо манфи бошанд. Натиҷаҳои хато хар ду низ метавонанд диҳанд. Дар холати мусбат будани тести очили онро бояд бо ТИФ дукарата тасдиқ кард ва танҳо дар холати мусбат будани ҳама ин тахлилҳо ташхиси ВНМО-сироят гузошта мешавад. Аз ин ру дар натиҷаи манфи будани тести очили, супоридани ТИФ шарт нест.

Барои никоҳшавандагон, тибки меъёрхои амалкунанда, ба онҳо бояд ТИФ гузаронда шавад, аммо ин аз он шаходат намедиҳад, ки ҷавоби тести очили аҳамияти камтар дорад.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.