Оиди ВНМО/БПНМ
	
		 Фарҳод
		24.05.2018
	
	
		Салом! Ман бо духтаре бо рифола алокаи чинси намудам баъд аз он бисёр ноором шудам баъд аз 1моҳ дар беморхонаи 10 тест супоридам манфи баромад боз баъд аз се моҳ  тест супоридам боз манфи баромад духтурон гуфтанд боз баъди 6 моҳ тест супор баъд аз гуфтаҳои онҳо боз ноором шудам баъд аз 5 моҳ тест супоридам ин дафаҳам манфи баромад шумо чи тавсия медиҳед баъд аз 6 моҳ тест ё ифа супорам барои он ки мегуянд ифа аниқтар аст ҷавобаш ва суоли дигар мегуянд бисор фикр куни ё дилат аз ҳамон бемори дур равад ба ҳамон бемори гирифтор мешави мункин аст ин тавр ҳам гирифтори ин бемори шуд илтимос фикратонро дар ин бора мегуфтед.	
	
	
		Салом!
Бо чунин холате, ки Шумо дар суол овардаед, ба ВНМО гирифтор шудан ғайриимкон аст, чунки ин вирус аст ва у бояд аз шахси дигар сироят гардад, на ин ки дар натиҷаи фикррронии нодуруст. Оиди супоридани тахлил бо дилпури гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо ин вирус вуҷуд надорад, чунки агар мебуд, дар тахлилҳо он албатта мебаромад. Баъд аз 6 моҳ супоридани тахлил интихоби Шумост, натиҷа тагир намеебад. Байни натичаҳои ТИФ (ИФА) ва тести очили фарқияти бузург нест, аз ин ру интихоб боз хам дар дасти Шумост, агар шубҳаи калон дошта бошед, метавонед ИФА супоред, аммо ин танҳо барои оромии Шумост, чунки барои аниқ намудан тести очили низ кифоя мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов
 
 
	 
	
	
			 Бозгашт ба саҳифаи саволҳо