Салом!
Мутаасифона пешниҳоди Шумо қобили кабул нест, чунки ин дорувориҳоро чунин карда нушидан мумкин нест. Оиди таъсир ба меъда бо бовари гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба меъдаи инсон зараровар нестанд. Оиди дар об хал нашудан мехоҳам гуям, ки дар ҳақиқат онҳо танҳо зери таъсири оби меъда ва руда метавонанд ҳал шаванд, на зери таъсири оби одди ва ин аломати сахт будани онҳоро нишон намедихад, балки аз он шаходат медиҳад, ки ин дорувориҳо танҳо дар ин узвҳо ҳал мешаванд. Оиди касал будани меъдаатон ба мутахассиси даркори муроҷиат бояд кард, то ин ки дуруст табобат гиреду аз ин бемори раҳои ёбед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов