Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом, мегуянд ки аз ду нафар шахси гирифтори бемории ВНМО фарзанди солим ба тавалуд мешавад, мехостам донам ки оё ин рост аст, ки бачадони зан намегузорад ки вирус ВНМО вориди бачадон ворид шавад ва тифлро сироят кунад?

Салом!

Дар ҳакқиқат, зане, ки гирифтори ВНМО аст метавонад фарзанди солим таваллуд намояд. Дуруст қайд кардед, ки дар вақти хомиладори тифл химояи хуб дорад, ки уро ба сироят ёфтани бемориҳо намегузорад, он бачадон нею, ҳамроҳак мебошад (плацента). Агар дар вакти хомиладори зан ба ягон бемориҳои ҳамрохак гирифтор нашавад, яъне хомиладори хуб гузарард, пас қобилияти мухофизатии он суст намешавад ва тифл солим мемонад. Барои паст намудани хатари сироятшавии тифл дар вақти хомиладори, ба зани сироятшуда бояд табобати зиддиретровируси (ТЗРВ) таъин кард. ТЗРВ шумораи вирусро дар организми зан паст мекунад, ва ин имконияти солим таваллуд шудани тифлро баланд мекунад.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.