Салом!
Мутаасифона дар савол гуфта нашудааст, ки сабаби фавти кудак чи буд, чунки кудак метавонист аз дигар сабаб низ фавтад, масалан ягон нуксони модарзодии дил е дигар бемори. Аз дигар тараф, холатхое мешаванд, ки дар баробари гузаронидани маъракахои ПСМК (пешгирии сироятшави аз модар ба кудак) кудак метавонад сироят ёбад. Чунин хатар вучуд дорад, лекин он хеле кам мебошад, хамаги 1-2%. Мумкин аст, ки кудак дар вакти хомиладори то таъиноти доруворихои зиддиретровируси, аллакай сироят ёфтааст. Агар хохед чавоби дигар гиред, пас саволро, илтимос, дакиктар пешниход намоед.
Бо эхтиром,
Умед Талбов