Салом!
Аксари одамон сироятшудагони чубчамикроби сил мебошанд, яъне дар бадани онҳо (дар шушҳо) ин микроб вуҷуд дорад ва то он даме, ки масунияти онҳо баланд мебошад ин чубчамикроб авҷ гирифта наметавонад. Дар ҳолате, ки шахс гирифтори ВНМО мегардад, масунияти у паст мешавад ва ин чубчамикроб, ки дар вуҷудаш зинда мебошад, авҷ гирифта бемории силро ба амал меорад.
Инчунин, чубчамикроби сил, агар ба организми шахси ВНМО-сироятшуда, ки масунияташ паст мебошад, гузарад, пас он зуд метавонад бемории силро ба вуҷуд орад, чунки дар ин ҳолат организми инсон қобилияти нест сохтани ин чубчамикробро надорад.
Хулоса, шахсони гирифтори ВНМО барои он зуд гирифтори бемории сил мегарданд, ки организми онҳо қобилияти мубориза бурдан бо ин бемориро гум мекунад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов