Салом!
Дар вақти нушидани нушокиҳои спирти сироятшудан ба ВНМО гайриимкон мебошад, зеро вирус ба воситаи нушидани моеъ ва ё истеъмоли хурок намегузарад. Аммо, майнуши метавонад окибатхое дошта бошад, ки боиси сироятшавии ВНМО гардад. Масалан, шахси майзада беихтиёр метавонад ба алоқаи ҷинсии тасодуфи ва бе рифола даст занад, ки ин рафтор метавонад ба сироятшавии ВНМО оварда расонад. Аз ин, ру даст кашидан аз майхури ва истеъмоли маводҳои нашъадор - яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояти, аз ҷумла ВНМО мебошад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов