Салом!
ВНМО (ВИЧ) - ин вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки ба организми инсон дохил шуда бемории ВНМО-сироятро (ВИЧ-инфекция) ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷаи он масунияти одам паст шуда бемориҳои оппортунисти авҷ мегиранд. БПНМ (СПИД) бошад, ин яке аз мархилаҳои вазнини бемории ВНМО-сироят мебошад, ки он дар натиҷаи авҷ гирифтани бемориҳои вазнини опоортунисти, аз кабили ЦМВ, сили шуш ва гайришуш, саркома Капоши, кандидозҳои вазнин, пневмонияи пневмосисти ва дигарон ба амал меояд. Давраи СПИД ба давраи 4 клиники рост меояд, яъне давраҳои 1,2 ва 3-ро давраи СПИД намегуянд. Барои ҳамин, хар шахсе, ки ВНМО дорад, уро бемори СПИД (БПНМ) гуфтан мумкин нест, чунки то он даме , ки мархилаи СПИД ба вукуъ меояд, ба хисоби миёна 8-10 сол мегузарад, ки дар ин давра шахси гирифтори ВНМО худашро хуб хис мекунад, ва метавонад пай ҳам набарад, ки у гирифтори ВНМО мебошад. Ин маълумотро дар вақти машварат бояд хуб фахмонд, то ин ки шахс фарқияти аники ВИЧ аз СПИД ро донад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов