Салом!
Нишонаҳои бемории ВНМО вобаста ба он аст, ки бемори дар кадом мархилаи клиники мебошад. Агар бемори дар давраи бенишонаги бошад, пас шахси гирифтори ВНМО ягон чизро ҳис намекунад. Агар сатхи масунияти бемор паст бошад, пас вобаста ба он нишонаҳои гуногун метавонанд пайдо шаванд, аз ҷумла метавонанд бемориҳои ба моанди сил, герпес вирусҳо, ситомегаловирус, саркома Капоши, пневмонияи пневмосисти, токсоплазмоз, кандидоз ва ғайра авҷ гиранд. Авҷгирии ин бемориҳо вобаста ба сатхи масуният мебошад, чи кадаре он паст бошад, ҳамон кадар бемориҳои вазнин метавонанд ба амал оянд. Новобаста ба он, ки дар шахс ин бемориҳо агар мушохида шаванд, бе супоридани тахлили хун барои ВНМО, ин ташхис гузошта намешавад, яъне ташхиси ВНМО танҳо дар асоси таҳлил хун гузошта мешавад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов