Салом!
Оиди сирояти ВНМО метавон гуфт, ки тибки қонунхои амалкунанда, кормандоне, ки дар рафти корашон хатари сирояткунии беморонро доранд, яъне бо хуни мизоҷон сарукор доранд, бояд аз кори худ ба дигар намуди фаъолияташон, ки ин хатар дар он ҷо нест, гузаранд. Дар соҳаи тандурусти, ин бештар ба мутахассисони соҳаи чарроҳи таалук дорад. Аз вазифа сабукдуш намудани шахсони гирифтори ВНМО манъ аст, онҳоро танҳо метавон ба дигар коре, ки дар он хатари сирояткунии дигар нафар нест, гузаронд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов