Салом!
Дар чунин холат бояд фавран ба маркази БПНМ (СПИД) мурочиат намуд, то ин ки ба нафарони осебдида чорахои пешгирии баъдитамос (ПБТ) гузаронида шавад. ПБТ ин таъиноти доруворихои зиддиретровируси ба муддати 28 руз мебошад, ки шахси осебдида онхоро бояд истеъмол намояд. ПБТ хавфи авчгирии сирояти ВНМО-ро дар холати сироятёфтан боз медорад, яъне гарчанде шахс сироят ёфта бошад хам, ин доруворихо намегузоранд, ки вирус афзоиш ёбад. Аммо, ПБТ-ро бояд дар муддати на зиёда аз 72 соати баъди тамос сар кардан лозим аст, чунки баъди ин мухлат таъсирнокии он катъ мегардад. Пеш аз доруворихоро таъин намудан шахсони осебдида хатман аз муоина оиди ВНМО гузаранд ва дар холати манфи будани натичахои тест ба онхо ПБТ таъин мегардад. Инчунин, бояд баъд аз 1, 3 ва 6 мох ин муоинаро такрор кард, то ин ки бовари хосил шавад, ки шахс гирифтори сирояти ВНМО нашудааст.
Бо эхтиром,
Умед Талбов