Оиди ВНМО/БПНМ
Нурик
25.03.2018
Салом. Ман баъди алоқаи ҷинси бо духтари ношинос кариб ҳамаи марказҳои хун мегиран барои ВНМО хун супоридам, экспрес тест ИФА супоридам саршавии моҳи 5 донори хун шудам ва баъди якчанд рӯз барои гирифтани ҷавобҳои хунам рафтам ба ман коғазча додан ВИЧ 1 ВИЧ 2 гепатит ва сифлис манфи буд. Метавонам ором бошам ки дар ман ВНМО нест гуфта дар баъзан сомонаҳо муҳлати инкубациониро 6 моҳ меҳисобанд.
Салом!
Бо дилпури гуфтан мумкин аст, ки дар Шумо сирояти ВНМО нест, чунки агар мебуд, дар яке аз ин таҳлилҳо бояд натиҷа мусби мебаромад. Аз ин ру метавонед ором бошед. Баъди шаш моҳ супоридани тақрории таҳлил шарт нест, аммо он дар ихтиёри Шумо аст.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо