Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом мехостам фаҳмам ки аз ду одами гирифтори бемории ВНМО чи гуна фарзанди солим ба дунё меояд, хело хуб мешуд, ки ин суоли маро шаҳр медодед

Салом!

Хавфи сироятшавии кӯдак аз модар 35-40% мебошад, ва агар зан аз аввали хомиладори то таваллуд ва баъд аз он тахти назорати духтурон буда тависяҳои онҳоро иҷро намояд, пас ин хавфи сироятшави то 1-2% паст мешавад, яъне аз 100 кудак танҳо як ё дутоаш метавонанд сироят ёбанд, дигархояшон солим таваллуд мешаванд. Аз ин лихоз, зани хомиладор, ки гирифтори ВНМО мебошад, бояд тахти назорати духтурони сохаи ВНМО бошад, то ин, ки имконияти ба дунё овардани кӯдаки солимро аз даст надиҳад.

Зане, ки гирифтори ВНМО мебошад. бояд дар давраи хомиладори табобати зиддиретровируси кабул намояд, то ин, ки шумораи вирусро дар хун паст намояд. Агар шумораи вирус то таваллду зиёд монад, пас таваллдукуни бояд тавассути буриши кайсари ба амал ояд, то ин, ки кӯдак дар вакти таваллудшавии табии сироят наёбад. Инчунин, баъд аз таваллуд, барои пешгирии сироятшави тавассути шири модар, ба кудак гизои сунъи пешкаш бояд кард. Дар мавриди риоя намудани ҳамаи ин талаботҳо, имконияти сироят наёфтани кӯдак зиёд аст.

Бо эхтиром,

Талбов Умед


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.