Салом!
Ҷавоб ба саволи 1: Дар ҳолатҳое, ки барои гузаронидани таҳлил тестҳои насли чорум истифода мешаванд, риоя намудни муҳлати то 3 моҳ кифоя мебошад.
Ҷавоб ба саволи 2: Дар ин ҳолат бояд баъди 3 моҳ хун супорад, то ин, ки дилпур гардад, ки сироят ёфтааст ё не ва дар оянда ҳаракат бояд кард, ки дар чунин ҳолатҳои ногувор наафтад.
Ҷаваоб ба саволи 3: Ин гуна сироятёбӣ имконпазир аст, гарчанде дар марказҳои хун донорҳо аз ташхиси ВНМО гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ шахсе, ки нисбати сироятёбии ВНМО рафтори хавнок намудааст, бояд то он даме, ки ташхисаш оиди ин беморӣ пурра муайян нагардад, донори хун нашавад, то ин, ки дар мавриди сироятро доштан, онро ба дигар нафар интиқол надиҳад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов