Салом!
Дар ҳақиқат солҳои пеш мутахассисон муҳлати 6 ва 12 моҳро тавсия медоданд, чунки тестҳои наслҳои то сеюм қобилияти дар моҳҳои аввал дарёфт намудани бемориро кам доштанд. Аз он лиҳозе, ки айни замон тестҳои насли чорум истифода мешаванд ва онҳо қобилияти хуби дарёфткуниро дар моҳҳои аввали сироятшавӣ доро ҳастанд, интизорӣ кашидани муҳлати зиёда аз се моҳ ҳоҷат надорад. Аз ин лиҳоз, метавонед дилпур бошед, ки дар Шумо сирояти ВНМО нест ва дар оянда худро аз хавфи сироятшавӣ эҳтиёт намоед.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов