Салом!
Ҳуҷайраҳои СД4 ин ҳуҷайраҳои масунияти ҳар як инсон мебошад ва нақши онҳо дар кори масуният бисёр муҳим мебошад. Ин ҳуҷайраҳо ба гуруҳи Т-лимфоситҳо дохил мешаванд ва Т-хелпер низ ном доранд. Вазифаи асосии ин ҳуҷайраҳо он мебошад, ки онҳо маълумотро оиди омилҳои бегона, ки ба организм ҳуҷум мекунанд (вирус, бактерия, замбуруғ ва ғайра) гирифта ба ҳуҷайраҳои дигари масуният интиқол медиҳанд, то ин ки онҳо ин омилҳоро несту ноубд созанд. Дар натиҷаи кам гаштани ин ҳуҷайраҳо, ҳуҷайраҳои дигари масуният низ вазифаи худро пурра иҷро карда наметавонанд ва дар натиҷа организми инсон қобилияти мубориза бурданро гум карад гирифтори бемориҳои вазнин мегардад.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов