Салом!
Барои пешгирии сироятшавӣ аз модар ба кӯдак якчанд чорабинӣ бояд ба амал оварда шавад. Пеш аз ҳама зан дар рафти ҳомиладорӣ бояд зери назорати духтурони минтақавӣ ва духтурони маркази ВНМО бошанд. Роҳҳои пешгирии ВНМО аз модар ба кудак чунинанд: дар вақти ҳомиладорӣ зан бояд табобати зиддиретровирусӣ қабул намояд, то ин, ки то саршавии таваллуд сарбории вирусии ӯ дар хун номуайян гардад. Дар ҳолати номуайян гардидани сарбории вирусӣ хавфи сирояти ВНМО дар вақти таваллуд паст мешавад, агарчӣ таваллуд бо роҳи табиӣ сурат гирад. Агар сарбории вирусӣ то таваллуд баланд монад, пас таваллудкунӣ бо роҳи буриши қайсарӣ (кесарево сечение) тавсия мешавад, чунки дар ин ҳолат хавфи сироятшавӣ дар вақти таваллуд паст мегардад. Инчунин, баъди таваллуд, дар ҳолати имконпазир будан, тавсия карда мешавад, ки ба кудак ғизои сунъӣ дода шавад, чунки бо шири модар кӯдак метавонад сироят ёбад. Ҳамзамон пеш аз ҳомиладорӣ зан бояд тамоми бемориҳои занонаи худро табобат намояд, чунки дар вақти ҳомиладорӣ чунин бемориҳо метавонанд хавфи сироятшавии кудакро зиёд гардонанд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов