Салом!
Имруз дар ҷаҳон бар зидди ВНМО табобати зиддиретровируси (ТЗРВ) истифода мебаранд, ки он афзоиши вирусро дар бадани инсон боз медорад, ва оҳиста-оҳиста шумораи вирус дар организм кам шуда, он масуниятро паст карда наметавонад. Дар натиҷаи ин табобат вирус тамоман аз бадан гум шуда наметавонад, аммо он ба организми инсон зарар хам расонида наметавонад ва шахси гирифтори ВНМО метавонад саломат умр ба сар барад. ТЗРВ табобати доими буда, шахси сироятшуда онро бояд доими истифода барад, дар акси хол вирус аз нав зиёд шуда масунияти баданро паст менамояд.
Бо эҳтиром,
Умед Талбов