Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом! Нишонаҳои гирифтор шудан ба ВНМО чи гуна аст?

Салом!

Аввалин нишонаҳои бемории ВНМО-сироят метавонанд дар моҳи аввали баъд аз сироят пайдо шаванд ва ба монанди зуком ё мононуклеози сирояти нишона дошта бошад. Ин давраро давраи шадиди бемори меноманд. Баъд аз он, солҳои дароз (8-10 сол) бемори ба давраи бенишонаги мегузарад, ки дар ин давра шахси гирифтори ВНМО ягон нишонаи бемориро надорад. Баъд аз ин давра бошад, давраи пайдошавии нишонаҳо сар мешаванд, ки ин нишонаҳо, вобаста аз сатхи масуният ва хусусиятҳои хоси хар як организми инсон, гуногун мебошанд. Нишонаҳо гуногун мебошанд, аз ҷумла таб ва дарунравии сабабшон номаълум, ки зиёда аз 1 мох давом мекунанд, логарии бесабаб, бемориҳои гуногуни замбуругии пусту узвҳои инсон, авч гирифтани бемориҳои вазнин ба монанди сил, ситомегаловирус, пневмонияи пневмосисти, саркома Капоши ва гайраҳо. Агар дар инсон яке аз нишонаҳо ва ё бемориҳои дар боло зикршуда пайдо шаванд, пас ин нишондод барои аз ташхиси ВНМО гузаштан мебошад. Барои муайян сохтани сирояти ВНМО шахс бояд таҳлили хунашро гузаронад. Чунин таҳлилҳоро дар озмоишгоҳҳои маҳсус (аз ҷумла, марказҳои ВНМО-и шаҳру нохияҳо) бо усули тести очили ва ё ТИФ (таҳлили иммуноферменти) метавон гузашт.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.