Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом суоле доштам... 1.Дар Ҷумҳуриямон чанд нафар гирифтори ВНМО мебошан? 2.Шумо хуб медонед, ки яке аз роҳҳои гузариши сирояти ВНМО ин алоқаи ҷинси мебошад ва мардуми кишвари мо бисёр дар мухоҷирати меҳнати карор мегиран эҳтимолият дорад ки дар хориҷ барои конеъ гардонидани нафси шаҳвони бо духтаре алоқаи ҷинси кунад барои чи дар фурудгоҳ нуктаи гузаштан аз муоинаи тибби оиди ВНМО вуқуд надорад ? Муоина маҷбури нест хар шахси аз мухоҷират омада метавонад бо хоҳиши худаш аз муоина гузарад бо дилпури ба хона раваду зиндагии худ ва аҳли оилаашро дар хатар нагузорад.

Салом!

Оиди шумораи сироятшудагон Шумо метавонед дар сомонаи http://www.nc-aids.tj/statistika.html , ки сомонаи расмии МД "Маркази ҷумхуриявии пешгири ва мубориза бар зидди ВНМО" мебошад, бифаҳмед.

Оиди суоли дуюматон. Шумо дуруст дарқ намудаед, ки муҳоҷирони меҳнати метавонанд дуҷори хатари сироятшавии ВНМО гарданд ва баъди баргаштан ба ватан зану фарзанди худро сироят диханд. Имрузҳо дар байни мухоҷирони меҳнати корхои фаҳмондаддиҳи аз тарафи ташкилотҳои давлатию ҷамъияти гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар тайёрахое, ки ба хизматрасонии муҳоҷирон машғул ҳастанд, буклету брошюраҳои маълумоти оиди ВНМО мавҷуд ҳастанд, ки шахсон метавонанд аз онҳо маълумотҳои дуруст пайдо намуда, баъд аз ба хона баргаштан худро аз муоинаи ВНМО гузаронда, бо дили пур назди оилаи худ баргарданд. Дар фурудгоҳ имконияти аз ташхиси ВНМО гузаштан вуҷуд надорад, аммо шахсе, ки маълумот дошта хоҳиши аз муоина гузаштанро дорад, метавонад ба марказҳои минтақавии ВНМО муроҷиат намуда аз ташхис гузаранд.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.