Салом!
Нишонахои ВНМО-сироят (ВИЧ-инфекция) гуногун мебошанд, чунки таъсири асосии ВНМО ба масунияти бадан мебошад, яъне аз таъсири он масунияти инсон паст мегардад. Дар шароити паст шудани масуният дар организми инсон беморихои гуногуни оппортунисти авч мегиранд, аз чумла бемории сили шуш ва гайришуш, Саркома Капоши, илтихобхои шуш, токсоплазмози узвхои гуногун, сироятхои ситомегаловирус, сироятхои герпеси, менингит, энсефалит ва гайра. Инчунин, нишонахои паст будани масуният ин дарунрави ва харорати баланди сабабашон номаълум, ки зиёда аз 1 мох давом мекунанд, мебошад. Аз ин лихоз, нишонахои клиники дар шахси гирифтори ВНМО вобаста ба бемори ва нишонахои авчгирифта мебошанд.
Бо эхтиром,
Умед Талбов