Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

3. Cалом! Табобати бемории ВИЧ чи гуна мебошад?

Салом!

Ҳоло дар ҷаҳон, нисбати ВНМО табобати зиддиретровируси (ТЗРВ) вуҷуд дорад, ки он аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ройгон ба шахсони гирифтори ВНМО пешниход карда мешавад. Ин табобат дастгирикунанда буда, он бадани инсонро тамоман аз вирус озод карда наметавонад, аммо он намегузорад, ки вирус масунияти инсонро нест кунад. Дар натиҷаи ин табобат, масунияти инсон дар сатхи зарури нигоҳ дошта шуда, бемори ба марҳилаи БПНМ (СПИД) намегузарад ва шахси сироятшуда метавонад солим зиндагони намояд. Инчунин, шахсе, ки ТЗРВ кабул мекунад, хавфи ба дигар нафар интикол додани вирусро паст мекунад, масалан, марди сироятшуда метавонад ҳамсари худро сироят надода, соҳиби фарзанд шавад. ТЗРВ табобати доими мебошад, яъне шахси гирифтори ВНМО бояд дорувориҳоро якумр истеъмол намояд, чунки агар доруҳо истеъмол нашаванд, пас вирус аз нав метавонад зиёд шуда, масунияти инсонро несту нобуд созад ва одамро ба марг расонад.  

Бо эҳтиром,

Умед Талбов

 


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.