Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом! Дар давраи хомиладори вақте ки бемории ВИЧ муайянкарда мешавад магар кудакам гирифтори ҳамин бемори мешавад?

Салом!

Хавфи сироятшавии кудак аз модар 35-40% мебошад, ва агар зан аз аввали хомиладори то таваллуд ва баъд аз он тахти назорати духтурон буда тависяҳои онҳоро иҷро намояд, пас ин хавфи сироятшави то 1-2% паст мешавад, яъне аз 100 кудак танҳо як ё дутоаш метавонанд сироят ёбанд, дигархояшон солим таваллуд мешаванд. Аз ин лиҳоз, зани хомиладор, ки гирифтори ВНМО мебошад, бояд тахти назорати духтурони соҳаи ВНМО бошад, то ин, ки имконияти ба дунё овардани кудаки солимро аз даст надиҳад.

Зане, ки дар давраи хомиладори муайян карда мешавад, ки у ВНМО дорад пас ҳарчи зудтар ба Маркази ВНМО-и минтақави муроҷиат намуда табобати зиддиретровируси кабул намояд ва баъдан тавсияҳои духтуронро ба ҷо орад, то ин ки хавфи сироятшавии кудакро паст намуда, кудаки солим ба дунё оварад.

Бо эҳтиром,

Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.